Эй чароғи раҳнавардон ахтарат,
Эй чароғи раҳнавардон ахтарат,
Митро шуд посбони пайкарат.
Эй паранди нури хуршед абраат,
Парниёни субҳгоҳӣ астарат.
Ларзаҳо афтода дар ҷони ҳақир
Хомӯшакҳоро зи шӯри маҳшарат.
Инакон як умр сармо хӯрдаанд,
Афв кун, гар мераманд аз озарат.
Қаҳри Баҳром асту нози Зӯҳра ҳам
Андар он чашмони нилӯпарварат.
Хашм ҳам борӣ, ҳамоно нозукӣ,
Ғайри барги гул набошад сангарат.
Офтоберо нахоҳам ҳолапеч,
Чархи атлас бод рӯмоли сарат.
Хушкаконеро, ки гардат мезананд
Гӯ, вузӯ гиранд бо шеъри тарат.
Дигар аз хокистаролудон манол,
Варна бо чӣ тоза созӣ ҷавҳарат.