Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Рӯзи милоди муҳаббат рӯзи милоди Худост,

Рӯзи милоди муҳаббат рӯзи милоди Худост, Меравам ман, зери поям нардбони кибриёст. Дар сабоҳи дафтари ман ин тулӯъи вожа чист? Ишқ - хушбахтии баргаштан ба сӯи ибтидост. Эй Сулаймон, номае бифрист бар номи дилам, «Кист?»- Мепурсӣ диламро: Шоҳбонуи Сабост. Оҳи Маҷнун ном деҳ бар маҳмили Лайлои ман, Гом зан ҳоло, ки пешонии танги кӯча вост. Ошноии ману ту бӯи шодӣ мекунад, Эй ки ҳузни чашми ту бо ҳузни чашмам ошност. Чун маҳе дар ҳола меоям шабе аз равзанаш, Шайхи ман биншаста андар хонақоҳи инзивост. Гул ба гесӯ бастаму гуфтам: Баҳор они ман аст, Оина чун абри обон туршрӯ гуфто: Хатост. Халқ гӯяд: «Ишқ кайҳо мурду аз он ном монд», Ҳаст! Медонам, ки ҳаст, аммо намедонам, куҷост.