Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ёр вомондаи хеш асту зи ман ёдаш нест,

Ёр вомондаи хеш асту зи ман ёдаш нест, Халале рӯ зада, к-он сӯҳбати озодаш нест. Чашми хуршедиаш аз даври қамар абрӣ шуд, Чашм бар чашми ман асту нигаҳи шодаш нест. Ҳарфи абрешимӣ аз рӯинтан мехоҳам, Ба куҷо рафт, ки нармии худододаш нест. Дар лабаш ханда шикастаст зи ночаспонӣ, Саҳв кард он, ки варо гуфт: ба сар бодаш нест. Оқибат ғарқи хамӯшии биёбонӣ шуд, Дили зангӯлазанони пури фарёдаш нест. Гуфтам, аз ҷӯи паси хона бирав, об овар, Гуфт бе ҳавсалае: ҳиммати Фарҳодаш нест. Бар ҳадар меҳргияҳ киштаму нозаш кардам, Дӯстиҳои ман, афсӯс, ки бунёдаш нест.