Шабехун зан бад-он чашми сияҳмаст,
Шабехун зан бад-он чашми сияҳмаст,
Ки аз номи фаришта мекашам даст.
Хушо оҳе, ки бо оҳи ту омехт,
Хушо роҳе, ки бо роҳи ту пайваст.
Ғалат гуфтам, набояд рафт аз ин роҳ,
Набояд оқибат савганд бишкаст.
Садойи ту, ки шаб дар хотирам рехт,
Ба сӯзанбарги мижгонам гуҳар баст.
Таҷаллӣ зад ҷаҳон дар ҳалқаи нур,
Чу дар оина тимсоли ту биншаст.
Ман он обам, ки дорад акси Лайло,
Ки маҷнунбед сӯям мебарад даст.
Диле чун моҳии заррин барояд
Аз он обе, ки ту андохтӣ шаст.
Бидуни ту чӣ гӯям, ҳаст ҳам нест,
Ту ҳастию ба чашмам нест ҳам ҳаст.