Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Таҳният ё таъзият гӯ, ишқ омад, ишқ рафт,

Таҳният ё таъзият гӯ, ишқ омад, ишқ рафт, Армуғон аз боғи минӯ, ишқ омад, ишқ рафт. Сад сабад гул ҳадя кард урдибиҳиштизодае, Бебақотар аз гули ӯ ишқ омад, ишқ рафт. Бо мани сармасти аршовези мантиқбохта Мӯъҷиза бинмуду ҷоду, ишқ омад, ишқ рафт. Дар биёбоне, ки танҳоии Маҷнун мегирист, Ханда зад чашмони оҳу, ишқ омад, ишқ рафт. Бар ҷавонмардии ӯ нозам, ки бар чашмони ман Бирлион бахшиду лӯълӯ, ишқ омад, ишқ рафт. Афв бинмо беғуруриям, ки пеши офтоб Кӯҳ ҳам афтад ба зону, ишқ омад, ишқ рафт. Атргардон мекунад ёдаш шабони ҳаҷрро, Шаб ба хайр, эй ёди шаббӯ, ишқ омад, ишқ рафт. Дар хамӯшистони ман чун субҳи шайпурӣ расид, Нӯҳ фалак шуд пурҳаёҳӯ, ишқ омад, ишқ рафт. Маргу милоди ману ту нест бемазмун дигар, Байни ин ду, байни ин ду ишқ омад, ишқ рафт. Баъди мурдан устухонам ҳам чу нойи Мавлавӣ Мебарорад бонги ёҳу, ишқ омад, ишқ рафт.