Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шӯҳрат, ки ҳар сари қадамам банди нонамост,

Шӯҳрат, ки ҳар сари қадамам банди нонамост, Озодиям бидеҳ, ки ин озодӣ инзивост. Шерозаи сиёҳ зи тӯҳмат танад рақиб Бар домани шафақ, ки дар авранги кибриёст. Бо доварии ман нарасад ҳақ ба ҳақгузор, Яъне дурӯғ боз биёбад зафар ба рост. Вақте ки дил дубора надорад мадори ишқ, Дигар дар ин тиҳикада будан чаро, чарост?! Ҳар лаҳза чун ҳавои баҳорон иваз шавад, Тақвими чашми сабзи ту бисёр бебақост. Дил бо ҳузури ишқи ту, эй ганҷи нодира, Ҳар қадр ҳам фузуд, ҳамон қадр низ кост. Ҳар қасрро, ки дар бизанам, ҳокимаш риёст, Баргӯй, эй ҳақиқати кул, кулбаат куҷост.