Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дило, бас кун андӯҳи обоният,

Дило, бас кун андӯҳи обоният, Барандоз хулқи зимистоният. Бишав дар замин ноиби офтоб, Ба фарру фурӯғу фурӯзоният. Мабодо кашад хатти сарҳад касе Ба ишқи заминию кайҳоният. Ба сад васла раҳ мебарӣ сӯи васл, Қасам бар таҷаллии ирфоният. Пазир он чӣ аз осмон мерасад, Куҷо мегурезӣ зи пешоният. Нагиранд асли туро ҳеч гоҳ Ҳама аксгирони ҷопоният. Касеро, ки дар ғайб нафрин кунӣ, Ба пешаш назебад санохоният. Биё, ғайби ӯро ҳузураш шумор, Ки пайдоии туст пинҳоният. Яке дарди сар шуд зи доноият, Дигар ҷурм гирад ба нодоният. Дилӣ кун дар ин давраи бедилӣ, Ки имон биёрам ба инсоният.