Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ишқи ту замимаи ғами мост,

Ишқи ту замимаи ғами мост, Як хотираи мукаррами мост. Нашнидани ин шамими қудсӣ Бо айби димоғи маҳками мост. Аз чашми ту ваҳйи сабз паррон Чун соиқае ба олами мост. Чашмони ту дар шариати ишқ Номаҳрами мову маҳрами мост. Ҳаввои ту кист, ман надонам, Донам, ки як одам Одами мост. Дилро накушодану гузаштан Бо иллати фурсати ками мост. Рӯзе, ки ҷаноза шуд гули сурх, Он рӯзи фасурда мотами мост. Боз о, ки зи умр он чӣ монда, Ҳаққо, ки фақат ҳамин дами мост.