Субҳи гулбаста гавҳарогин аст
Субҳи гулбаста гавҳарогин аст
Пушти сина анори Ёсин аст.
Чист Наврӯз? Ассаломи себарг,
Ваалайкум саломи насрин аст.
Зиндагии маро, ки мепурсӣ,
Ҳамчу ёди ту талху ширин аст.
Мо ҳубобона сар –сарӣ гаштем,
Ҳар кӣ доност, дурри таҳшин аст.
Дарк кардам, ки дар хилофистон
Дӯстӣ ҳиссиёти камчин аст.
Ҳам мудерн асту ҳам асотирӣ,
Навдили кӯҳнаам, ки бе син аст.
Гар хатое гузашт, мебахшӣ,
Чунки қалби ту раҳматойин аст.
Кори дил ифтитоҳу охир шуд,
Ишқ, аммо ҳамон нахустин аст.