Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Тапиши дил ба ҳурмати ёр аст,

Тапиши дил ба ҳурмати ёр аст, Варна ин созу нағма такрор аст. Гул, ки бе об монд, мемирад, Хор бе об ҳам ҳамон хор аст. Зиндагиро чӣ сон дигар созем, Зиндагӣ як модели тайёр аст. Чанди дигар вуҷуди мо собит Зери ин нӯҳ равоқи даввор аст. Ту иноёту мо ҷиноётем, Тавба аз мову аз ту исор аст. Афв кун, зарбаи дили моро, Гар на аз рӯи ҳадду меъёр аст. Ғайри ғафлат кӣ мекушад моро, Мо, ки хобем, вақт бедор аст. Дили ман гар ҳазорсола шавад, Орзуяш ҳанӯз бисёр аст. Мезиям, чунки бо супориши Ҳақ Будани ман ба ишқ даркор аст.