Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ба ёди устод Абдулманнони Насриддин

Ба ёди устод Абдулманнони Насриддин Рафтиву офтоб дигар офтоб нест, Яъне фақат шаб асту касе роҳёб нест. Иршодбахши ҷумлаи риндону зоҳидон Он тозасубҳи шабкуши рӯшанхитоб нест. Некӯтарин намунаи Инсон кӣ буд?-Ӯ! Анқост он падидаи пинҳон, уқоб нест. Пушти табассум аст ғами пардапӯши мо, Чун рӯнамои фоҷиаи дил савоб нест. Натвон ба даҳр гуфт, ки, эй меҳмонсаро, Ин бор бар ту омадани мо ҳисоб нест. Омад хатеву мӯҳри дабири азал дар ӯст, Ёрои эътирозу раҳи интихоб нест. Рафтиву нест мисли ту бедори зиндадил, Мондему ҳеч мурда чу мо ғарқи хоб нест. Ганҷур рафту ганҷи сухан монд раҳ ба раҳ, Мо коҳилему ҳавсалае ганҷкоб нест. Пири муғон гузашту қадаҳҳо ҳама тиҳист, Дардо, ки ин шароб дигар он шароб нест. Қандили моҳтоб шабафрӯзи гӯри туст, Ҳарчанд моҳро дигар он гуна тоб нест. Дарёи ҷон зи бодия доман кашиду рафт, Ку он диле, ки дар ғами ту об-об нест?! Дарётарини моиву дарётанини мо, Чун ҷонат, эй бародари ҷон, ҷони ноб нест. Бо осмон саволу ҷавобам тамом шуд, Зеро ба як саволи бузургам ҷавоб нест.