Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй залил аз дӯшбори эҳтиёҷ,

Эй залил аз дӯшбори эҳтиёҷ, Эҳтиёҷ афкан, ки ёбӣ тахту тоҷ. Субҳро бину шуъои шамсро- Ин тилои сурхро дар дурҷи оҷ. Боз кун бар дидани ҳафт осмон Ҳамчу шабнам дидаи рӯшанзуҷоҷ. Шукр, к-аз баҳри тамошои ҷаҳон Мо напардозем андозу хироҷ. Рашки хуршед аст тасфи дил маро Бо чунин сардии авзову мизоҷ. Дардам аз ҳадди даво бигзашту боз Аз ту, танҳо аз ту мехоҳад илоҷ.