Эй дили субҳошно, савганд хур бо ҷони субҳ,
Эй дили субҳошно, савганд хур бо ҷони субҳ,
Ҳамтариқат бош бо хуршеду ҳамирфони субҳ.
Даст пеш овард аз баҳри саломат офтоб,
Даст деҳ бар дасти ӯ, мебош ҳампаймони субҳ.
Ифтитоҳе кард бояд, эй дили оғозхоҳ,
То хатиби зӯҳр хонад хутбаи поёни субҳ.
Субҳ дар субҳ ифтитоҳам, нур дар нур ибтикор,
Ман, ки як хонандаам дар мактаби тобони субҳ.
Фикрҳои пар-пари худро чу сарбанди ҳарир
Мениҳам рӯзе ба рӯи шонаи урёни субҳ.
Мо ҳам охир аз замону вақт берун нестем,
Чанди дигар мешавем, эй ҳамсафар, меҳмони субҳ.
То давоми зиндагии хешро рӯшан кунем,
Бахш, эй бахшандаи Якто, ба мо имони субҳ.