Паёми дури туам партави ҳимоят бод,
Паёми дури туам партави ҳимоят бод,
Дили маро дили ту муршиди ҳидоят бод.
Ба шодбодии милод ҳукми афв барор,
Агар зи мост ҷиноят, туро иноят бод.
Дилам қабулгаҳи муждаҳои миноист,
Нузули ишқи ту бар ҷонам оят-оят бод.
Зи барфрези даю баргрези дам эмин
Баҳорномаи чашми ту бениҳоят бод.
Саломатии ту мехоҳам аз Худо, аммо
Зи дарди мо ба ту ҳам андаке сироят бод.