Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Соҳибтариқате ба муридон мурод дод,

Соҳибтариқате ба муридон мурод дод, Фархундафитрате ба чигилҳо кушод дод. Дар ғафлати дуқарнаи мо офтоб рехт, Бар шабравони субҳталаб бомдод дод. Бар миллате, ки ҳофизааш кӯр гашта буд, Пайғоми Рустаму дараки Кайқубод дод. Хасмона бар Шакурии мо ҳам нигоҳ кард Он миллате, ки Рустами худ бар Шағод дод. Аз мо чӣ дид, он ки ба мо чашм ҳадя кард, Аз мо чӣ бурд, он ки ба мо бас зиёд дод. Пирона фикри хоб намудему пири мо Завқи шабоб доду мадори ҷиҳод дод. Илми ладунияш зи ниё ёдгор буд, Бар офтоб шуълавариро кӣ ёд дод. Он сардабири номаи миллат дами сафар Фатвои васлу маслиҳати иттиҳод дод. Олам аз одамияти ӯ дар шигифт монд, Ин рутбаро Худой ба ӯ умрбод дод. Бар додгоҳи арш шуд он додварзи мо, Милён дил аз қафас бизанад дод, дод, дод.