Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Як дона куфр хирмани имон ба бод дод,

Як дона куфр хирмани имон ба бод дод, Бар Одами фирефта шайтон чӣ ёд дод. Дерест дар муҳосираи зулмати худам, Зангор омад, оинаро кард бесавод. Як ҷуръа ҳам зи бодаи ҳастӣ нахӯрдаем, Бо он ки гуфтаем фақат ҳарфи нӯшбод. Дирӯз аз наомаданаш дод мезадам, Омад кунун, зи омаданаш низ дод, дод. Дар санҷиши нахуст бияфтоду пош хӯрд, Ҳар кас ки ҷуз ту бо дигаре баст иттиҳод. Вирди шабу сабӯҳи манӣ, эй се ҳарфи рамз, Бифрист уқдаҳои маро муждаи кушод.