То ишқ зияд, зиянд эшон,
То ишқ зияд, зиянд эшон,
То ёд бувад, ҳама ба ёдем.
Мавлоно
Эй н-омадаи хуҷастамилод,
Аз будану аз набуданат дод.
Дар шеваи беғамӣ ба сабқат
Дар ҳадди ту нест ҳеч устод.
Иншои ману ту чор банд аст,
Иншои баҳор бошад озод.
Дар субҳи кабӯтаронаи ман
Бартоб, ай офтоббунёд.
Эй сабзтариқати навойин,
Аз чашми ту мепазирам иршод.
Ҳастии маро, ки вақт хат зад,
Ҳар лаҳза ту тоза кардӣ эҷод.
Ман умри дубора қарздорам
Аз он ки туйи ягонаро зод.
То ишқ бувад, манам ҳама ишқ,
То ёд бувад, манам ҳама ёд…