Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй ғамат бо ғами ман ҳамфарёд,

Эй ғамат бо ғами ман ҳамфарёд, Ёд кун, рафтаи зеборо, ёд. Зарбаҳо хӯрдаиву хомӯшӣ, Зарба нохӯрдаву мегӯям дод. Дили маҳ бо дили шаб фотиҳа шуд, Оҳ, аз ин фотиҳаи модарзод. Монда дар ҳофизаи сабзи баҳор Ишқи мову ту, аё сабзнажод. Сабз дар сабз бирӯяд ин ишқ Бо раёҳину ҳинову шамшод. Чашми сабзи ту ду тобиш дорад Шеваи Исиву сабки ҷаллод. Эй Худо, чашми маро ҳеч набахш, Гар кунад бухлу танаффур эҷод. Чашми ман тавба зи бадбинӣ кард Аз кай? Аз рӯзи нахусти милод! Мо, ки рафтем, ту боз о, эй ишқ, Омаданҳои ту берафтан бод!