Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дили дунё зи тапиш монд: Муҳаббат ҷон дод,

Дили дунё зи тапиш монд: Муҳаббат ҷон дод, Он қадар сер шуд аз хеш, ки ҷон осон дод. Омад ин давраи атомиву компутерӣ Омаду фалсафаи ишқи маро поён дод. Фош гӯям, набаромад дилам аз ӯҳдаи ишқ, Гарчи офоқ бар ӯ чанд карат имкон дод. Шеър омад ба дили холии обонии ман, Табли хуршед заду ҷӯшиши тобистон дод. То шавам боз, маро тангтарин хилват дод, Хилвате танг чу вусъаткадаи кайҳон дод. Васлро ҷой надодем ба барномаи ишқ, Ҳадяҳое, ки ба мо дод, фақат ҳиҷрон дод. Сахтгир аст фалак, бори ҳазорум моро Имтиҳон карду сипас мартабаи инсон дод. Рустоии наҷибе саҳаре пеш омад, Лолаи сурх дар ин тирагии обон дод. Гуфт: милоди ту милоди ману манҳоест, Ҳақ надорӣ ту бигӯӣ, ки муҳаббат ҷон дод.