Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Чаман гулҷӯш шуд, Наврӯз омад,

Чаман гулҷӯш шуд, Наврӯз омад, Саҳар намнӯш шуд, Наврӯз омад. Бад - ин алмоси шабнам бонуйи гул Нигин дар гӯш шуд, Наврӯз омад. Бурун шуд кӯҳ аз печи кафанбарф, Шафақ дар дӯш шуд, Наврӯз омад. Бағал бикшод саҳрои уфуқбӯс, Ҳама оғӯш шуд, Наврӯз омад. Чӣ бебандӣ, аё дарёи маҷнун, Дигар махрӯш, шуд! Наврӯз омад. Чу мусиқии фарвардин садо дод, Дил атласпӯш шуд, Наврӯз омад. Адо омад, адоватҳои дерин Ҳама хомӯш шуд, Наврӯз омад. Дили ман тавба кард аз беҷиҳодӣ, Саодаткӯш шуд, Наврӯз омад.