Шаб аз сиёҳии андӯҳи ман ба танг омад,
Шаб аз сиёҳии андӯҳи ман ба танг омад,
Баҳорро зи мани бебаҳор нанг омад.
На як манам, ки ниҳон андаруни зангорам,
Гулӯи ток буриданду оби занг омад.
Ба иффати ману тамкини ту тамасхур зад,
Нигоҳи шаб, ки фиребову шӯхшанг омад,
Ба рӯҳи хеш бигуфтам, ки аз Ҳиҷоз биё,
Маро ба фитна ғалат доду аз Фаранг омад.
Ба раҳгузори ту андохтам гулӯлаи ашк,
Шабе, ки мардуми чашмони ту ба ҷанг омад.
Ту мурда будиву аз он гулӯла зинда шудӣ,
Чу чашмае, ки баногаҳ зи қаъри санг омад.
Биё, биё, зи биёбони шаб фирор кунем
Ба боғи субҳ, ки себи шафақ ба ранг омад.