Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Саро, эй нағмасози дил, ки дил дил буданаш донад

Саро, эй нағмасози дил, ки дил дил буданаш донад Нафас дар гармии овози ту осуданаш донад. Биё, дар парда нохун зан, ки мо дар пардаи хобем, Саҳар бо чашми нилуфар нигаҳ бикшуданаш донад. Ба рағми садду сарҳадҳо, ба қасди кини миллатҳо Суруди паркушои ту ҷаҳон паймуданаш донад. Садоят аз Худо ояд, зи авҷи кибриё ояд, Ту дарёӣ, ки то бошӣ, ба мавҷ афзуданаш донад. Зиҳӣ, эй лаҳни лоҳутӣ, зиҳӣ, эй савти довудӣ, Зи гӯши халқ мебӯсам, агар бишнуданаш донад.