Сини саломи кист, ки дайсӯз мешавад,
Сини саломи кист, ки дайсӯз мешавад,
Шини шуъои кӣ шафақафрӯз мешавад.
Эй мояи ҷавонии дунё, бидуни ту
Нӯҳ пушти гандапири фалак кӯз мешавад.
Бе муждаи фарангият, эй ховаритарин,
Ваҳдат - каломи тафриқаомӯз мешавад.
Аз чашми ту чу аз адабистони ҷовидон
Чашмони халқ маърифатандӯз мешавад.
Чун Ҷабраил боз ба ҷарроҳиям биё,
Ку дилшикоф чун ту, ки дилдӯз мешавад.
Доду гирифти даҳррабоён гузаштанист,
Танҳо муҳаббат аст, ки пирӯз мешавад.
Имрӯз ҳам, ҳамеша ҳам, эй аз ҳама азиз,
Наврӯз бо ҳузури ту Наврӯз мешавад!