Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бори дигар гул ба гул кобин шавад,

Бори дигар гул ба гул кобин шавад, Осмон минқори шабнамчин шавад. Субҳи боодоб ҳам шобошгӯ Дам ба дам бар атсаи насрин шавад. Бингарад нозукниҳолиҳои мо, Осмон гар чашми борикбин шавад. Чун туро ёд оварам, эй сабзи сабз, Рӯҳи ман як нусха фарвардин шавад. Ташнагиовар шавад ин нӯш - нӯш, Бо гузашти вақт ҷон ширин шавад. То яке мижгон ба мижгон мезанем, Ҷумла бисмиллоҳи мо омин шавад. Села - села ишқ хоҳам дил ба дил, Ҷогузини тӯдаи нафрин шавад. Боз ҳам бо чашмҳои кофарам Чашмҳои сабзи ту ҳамдин шавад.