Чӣ нагзашт бар ман, ки ин нагзарад,
Чӣ нагзашт бар ман, ки ин нагзарад,
Ба як гашти чархи барин нагзарад.
Макун лутфи козиб, ки ин сохта
Ба ҷои гули коғазин нагзарад.
Гаҳе заҳр ҳам бигзарад аз гулӯ,
Вале шаккару ангубин нагзарад.
Ба ту самти меҳрам, ало кинаварз,
Чаро меҳр бигзашту кин нагзарад?!
Зудоянда ояд ба зангори ман,
Вале доғи ту бо ҳамин нагзарад.
Ғамат ҳалқа шуд дар нигини дилам,
Аз ангушти ту ин нигин нагзарад.
Матину маҳинам, ки ҳар тиру теғ
Гузашт аз матин, аз маҳин нагзарад.
Гароиш кунам бори дигар ба субҳ,
Ки ин лаҳзаи ёсамин нагзарад.
Аз ин пайраҳа нағмахоне гузашт,
Гузашт ӯ, зи пушташ танин нагзарад.
Биё, шеър, маҳбуби улвии ман,
Биё, ин дами нозанин нагзарад.