Охир чаро бимирам, мурдан намегурезад,
Охир чаро бимирам, мурдан намегурезад,
Бо он ки сахт пирам, мурдан намегурезад.
Бо он ки кӯҳна гаштам, ман одами пагоҳам
В-ар одами парерам, мурдан намегурезад.
Гармии роз бахшо, завқи гудоз бахшо
Бар ҷони замҳарирам, мурдан намегурезад.
Бошад, ки дилбарона, бо навтарин тарона
Ҳар субҳро пазирам, мурдан намегурезад.
Эй ҳодии муҳаббат, бо шодии муҳаббат,
Баргард бар замирам, мурдан намегурезад.
Сад аср ҳам, ки тай шуд, фасли ману ту кай шуд,
Аз арш зан сафирам, мурдан намегурезад.
Эй ҷовидонтарин Ёр, бахшову охирин бор
Мебош дастгирам, мурдан намегурезад.