Барои устод ва бародари бузургам Ориёнфар
Барои устод ва бародари бузургам Ориёнфар
Ҷарас лабрези афғон шуд, Аҷам бедор мегардад,
Зи ҳар лаб бонги исён шуд, Аҷам бедор мегардад.
Дар ин хомӯшии мурда паёми зиндае омад,
Ки дар мурдоб тӯфон шуд, Аҷам бедор мегардад.
Ба Ҷоми Ҷам назар кардам, ки Фирдавсӣ расиду гуфт:
Ҳар он чӣ хостӣ, он шуд, Аҷам бедор мегардад!
Таҷаддуд омаду эҳё, Фаридун омаду Доро,
Таҳамтан бар Самангон шуд, Аҷам бедор мегардад.
Дари ғафлатпаноҳон боз, лаби гунгон суханпардоз,
Халоиқ Мавлавихон шуд, Аҷам бедор мегардад.
Намози бомдод омад, такопӯи ҳаёт омад,
Ҳадиси хоб поён шуд, Аҷам бедор мегардад.