Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Навбаҳори атласпӯш рафту барнамегардад,

Навбаҳори атласпӯш рафту барнамегардад, Субҳу шоми шабнамнӯш рафту барнамегардад. Нағмаи баҳоринат, ларзаҳои поринат, Эй дил, эй дили хомӯш, рафту барнамегардад. Аз ҳавошии умрат тундтар зи мавҷи вақт Мадду ҷазру тӯфонҷӯш рафту барнамегардад. Дар дилат тапишҳоро, растухези зеборо Гӯш кун, ки завқи гӯш рафту барнамегардад. Сад чаман таманно ҳам, сад нигаҳ тамошо ҳам Чун раҳо шуд аз оғӯш, рафту барнамегардад. Иштиёқи сармадро бо чӣ метавон бишкаст, Ишқ ҳам фалак бар дӯш рафту барнамегардад.