Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дер шуд, дил дигар чӣ мегӯяд,

Дер шуд, дил дигар чӣ мегӯяд, Роҳ тай шуд, дигар чӣ мепӯяд. Гум шуду ёб шуд таманнояш, Боз гум шуд, дигар чӣ меҷӯяд. Гоҳ хеле баланд мепаррад, Ғунчаи офтоб мебӯяд. Гули андӯҳи ман чӣ механдад, Гули сурии ман чӣ мемӯяд. Дастмузде зи кас намехоҳад, Ризқаш аз пеши пой мерӯяд. Ишқ ҳар дам дили қадими маро Ҷабраилона пок мешӯяд.