Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ишқи ту бо ҳамин агар қисса тамом мекунад,

Ишқи ту бо ҳамин агар қисса тамом мекунад, Зиндагии бадеи ман боз давом мекунад. Боз давом мекунад дар паси панҷара баҳор, Шаъшааи сиришти ман фатҳи зулом мекунад. Баъди азимати дароз фахру ғурур мерасад, Моҳи бачоҳрафтаро боз ба бом мекунад. Хотираро, ки нест марг, барг занад, ҳамеша барг, Ишқ зи пушти хотира бо ту салом мекунад. Баъди ҳазорсолаҳо, баъди ғуруби лолаҳо Дарди баҳорҷӯши ман шӯру қиём мекунад.