Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ғам ҳар чӣ хост, бо мани таслим мекунад,

Ғам ҳар чӣ хост, бо мани таслим мекунад, Аз шери мурда зоғ куҷо бим мекунад. Себе, ки зери шонаи чап кардаам ниҳон, Бо теғи нонамой ду тақсим мекунад. Вайронаам, ки чуғз зи ман ваҳм мекашад, Дасти кӣ мебиёяду тармим мекунад. Кай мерасад ба пойгаҳи ҷовидонагӣ Мирандае, ки хидмати тақвим мекунад. Фардо ба ман таҷаддуди нав ҳадя медиҳад, Яъне маро барои ту тақдим мекунад.