Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Гул ба шабнам ҷомашӯӣ мекунад,

Гул ба шабнам ҷомашӯӣ мекунад, Ҷилд-ҷилдаш нозбӯӣ мекунад. Бори дигар баъди барфобарфи дай Осмон хуршедрӯӣ мекунад. Тавба аз бетавбагӣ бояд варо, Дил ҳамоно ҳарзапӯӣ мекунад. Чун туро бар худ ҳукуматдор хонд, Пас бифармо, ҳар чӣ гӯӣ, мекунад. Мо бадӣ бар вақт кай кардем, кай, Ӯ чаро бар мо адӯӣ мекунад?! Коргардони дили ман ёди туст, Ӯ, ки дар як қатра қуӣ мекунад. Дар бадистон бо саломи ҳурмузӣ Ишқ меояд, накӯӣ мекунад.