Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Саҳми дуои кист, ки дил кор мекунад,

Саҳми дуои кист, ки дил кор мекунад, Бо ҳар тапиш ба ишқи кӣ иқрор мекунад. Тифл аст, тифлу хаставу пирона метапад, Пир аст, пиру шӯхии бисёр мекунад. Расми фалак ҳамеша ҳамин бошад аз азал, Гул мекунонад аввалу пас хор мекунад. Шукри Худо, ки гетии бадгашти каҷхиром Ин як - ду рӯз гардиши ҳамвор мекунад. Хуршедро, ки дар пари қу хоб кардааст, Ку - кузании фохта бедор мекунад. Сад сол шуд, ки теғ задиву гурехтӣ, Захми дилам ҳанӯз ҳам озор мекунад. Онро, ки ёрро натавонист ёр дошт, Ноёрро чӣ гуна ба худ ёр мекунад. Дил аз раҳи қадима қадам пас намениҳад, Яъне хатои собиқа такрор мекунад. Бо ин ҳама гуноҳ, ки дил карду карданист, Уммеди лутфи ҳазрати Саттор мекунад.