Ҳолиё офоқ аз будат тағофул мекунад,
Ҳолиё офоқ аз будат тағофул мекунад,
Бе ту буданро чӣ сон фардо таҳаммул мекунад?!
Лолаи дилро ба ман бахшо, ки чун менозамаш,
Лолаи хуршед мегардад, таҷаммул мекунад.
Баъд аз ин шохи наботам ё ниҳоли ангубин,
Чун дилам аз ҳарфи ту шаккар тановул мекунад.
Даст бар дил мебарам аз баҳри тафсири тапиш,
Ишқ дар хомӯшии лабрез қул-қул мекунад.
Тарҳ мерезад дубора духтариҳои маро,
Духтари шаб пӯпаки кавкаб ба кокул мекунад.
Баъди ман кай меравад ин хуни вожа аз варақ,
Оташи ман рӯйи мармар боз ҳам гул мекунад.