Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ёдаш ба хайр он, ки маро ёд мекунад,

Ёдаш ба хайр он, ки маро ёд мекунад, Чашмаш чакомаҳои тар эҷод мекунад. Дил фол мезанад, ки касе дӯстдори ӯст, Худро ба ин дурӯғи абас шод мекунад. Бо ҷони улвиям тани сифлист ҳамканор, Ҷонам шиканҷа дораду фарёд мекунад. Ин дам, ки абр ҷавҳари симоб мекашад, Аз ашк қасри оина бунёд мекунад. Чашмам ба акси рӯшани ӯ хира мешавад, Табрики шодрӯзии милод мекунад. Он меҳрубон куҷост, ки аз дурҳо маро Ишқаш шукуфа мекунаду бод мекунад. Нози маро ба қудрати мардона мекашад, Кӯҳе ба дӯш, ҳиммати Фарҳод мекунад. Рӯзе, ки тори мӯи варо дуд мекунам, Бар ман ҳузури ғайби вай имдод мекунад.