Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ту амон медиҳӣ, вале то чанд,

Ту амон медиҳӣ, вале то чанд, Хуш замон медиҳӣ, вале то чанд. Ба шаболудагони субҳсуроғ Раҳ нишон медиҳӣ, вале то чанд. Оҷи субҳу рухоми шоматро Ройгон медиҳӣ, вале то чанд. Баҳри шабро ба рӯз пайвастан Ту тавон медиҳӣ, вале то чанд. Насяи васлу нақди ҳиҷронро Армуғон медиҳӣ, вале то чанд. Ба уқобе, ки пушти панҷараҳост, Осмон медиҳӣ, вале то чанд. Пурс аз худ, ки дар қабули Худо Имтиҳон медиҳӣ, вале то чанд. Ба дилам ишқро, ки мебахшӣ, Қути ҷон медиҳӣ, вале то чанд. Ҳар чӣ гӯяд дилам, намефаҳмам, Тарҷумон медиҳӣ, вале то чанд.