Осмон дар чашми ман чун мармари гӯр аст сард,
Осмон дар чашми ман чун мармари гӯр аст сард,
Як кабӯтар мекунад қум-қум зи боми лоҷвард.
Бе ту рафтам, бе ту рафтан чист, тафсире биёр
В-ин давоми роҳро ҳам бе ту мебояд сипард.
Рӯди каҷрафтор менолад, ки поям зад ба санг,
Лаззати лағзиш намедонам мани ҳамворгард.
Ин садои чист, эй огаҳ зи ранҷи бохтан,
Гиряҳои як гули хушкида дар авроқи зард?!
Зиндагӣ ҷанги вуҷуди мост бо теғи завол,
То ба пирӯзии кӣ анҷом ёбад ин набард.
Гар ба каф гирам дили садсолаамро, бишнавам,
Ҳолиё ҳам ҳаст, оре, ҷунбиши ширини дард.
Чун гурезам аз ҳуҷуми ғафлату беҳудагӣ,
Дӯстии бод бо боғи ҷавон дидӣ, чӣ кард.
Лоиқи пои азизат остоне доштам,
Шабнами моро намепаймоӣ, эй дарёнавард.
Инак, эй дил, бояд аз нав иштиёқи ишқ ёфт,
Инак, эй хуршед, бояд интишори нур кард.
Меравам, ашки ятимамро ба пешат мебарам,
Бар қабули нозуки ман, эй фалак, мебош мард.