Раву баргард, дилу ҷон, баргард,
Раву баргард, дилу ҷон, баргард,
Ба ҳарамхонаи пинҳон баргард.
Чандпарда-ст намоишгаҳи умр,
Эй зи сад парда намоён, баргард.
Аз дарун обилабандон бошӣ,
Аз бурун оинабандон, баргард.
Ишқро восита кун, эй дили пир,
Ба ҷавонии худ осон баргард.
Сафари туст сӯи Каъбаи сурх,
Кофари рафта, мусалмон баргард.
Чун гиландоваи бомат кӯчид,
Ба ту гӯяд, ки зи кайҳон баргард.
Сад ҳазор исму мусаммо бигзор,
Боз бар рутбаи Инсон баргард.
Ба ҳаёти ман, аё фарднаво,
Офтобона зарафшон баргард.