Он сӯи баҳор ғунчае танҳо монд,
Он сӯи баҳор ғунчае танҳо монд,
Дар соиди ҷӯ шамимаи наъно монд.
Дар ҳошияи баҳорҳо, эй гули сурх,
Ҳастии ману ту сахт бемаъно монд.
Заврақчаи коғазии тифлонаи мо
Дар аввали ҷӯ нарафта то дарё монд.
Бисёр нузул карду бисёр уруҷ,
Андешаи бастаам, ки бемаҷро монд.
Дил ях шуду боз ҳам тапишҳо дорад
Монанди касе, ки мурду чашмаш во монд.
Дар ҳар тапишаш ҳазору як сакта навишт,
Дил бехабар аз қоидаи имло монд.
Гулбоди шабоб тунду ширин бигзашт,
Дар хотири отирам пайи хоно монд.
Ишқ омаду рафту чун паёми сармад
Дар дафтари ман мӯҳри гули мино монд.