Дил номаи чаҳорқади нокушода монд
Дил номаи чаҳорқади нокушода монд
Бар номи он касе, ки зи модар назода монд.
Дар раста - растаи мижаам хуфт таҳ ба таҳ
Он баста - баста меҳр, ки беистифода монд.
Рӯҳам савори абр шуд, аммо аз ин чӣ суд,
Ҳамчун гули пиёда ба роҳат пиёда монд.
Барҳақ, ки дар ҳақи ту басе ҳам ситам намуд
Он хоҷае, к - инони маро бар ту дода монд.
Печу хами дилам, ки зи сад ағба бадтар аст,
Дар чашми кӯҳнаварди ту бисёр сода монд.
Ногуфтанӣ чӣ гуна бигӯям, ки пеши ту
Он гуфтанӣ, ки буд маро, беифода монд.
Шобош, эй ки баъди дусад қарн мерасӣ,
Байни ману ту ними қадам нониҳода монд.