Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ғуруб омаду хуршед сактаи дил шуд,

Ғуруб омаду хуршед сактаи дил шуд, Зи ҳамнишинии Исо варо чӣ ҳосил шуд. На офтоб бувад, он чӣ шаш ҷиҳат афрӯхт, Диле чу себ зи боғи биҳишт нозил шуд. Ба хостан натавонист зулматоине Ба фитна дар раҳи маҷрои субҳ ҳоил шуд. Дило, дай омаду чун нахл мехкӯбат кард, Қадам гузоштанат то баҳор мушкил шуд. Гаҳе, ки ишқ ба дастони шоирон афтод, Асири панҷараи фоилу мафоил шуд. Ба пеши чашми ҳақиқатнамоят, эй ғоиб, Дилам ба кулли гуноҳе, ки дошт, қоил шуд. Дилам аз он дами рӯшан, ки тарки ғайбат кард, Ба иттиҳодияи офтоб шомил шуд.