Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Булбули фархунданафир

Булбули фархунданафир Ба устод Ҷӯрабеки Мурод То садои ту дар ин шаҳр шакарафшон шуд, Тӯтиёнро хабар омад, ки шакар арзон шуд. Осмон об шуд аз нағмаи довудии ту, Барқ су-су заду абри қафасӣ борон шуд. Шашмақомест дар ин замзамаи боронӣ, Ки аз ӯ шаш ҷиҳат аржангруху хандон шуд. Шашмақоми ту аз он низ хушояндтар аст, Чунки асроркушои нағамоти ҷон шуд. Бисаро, тоири боғи малакутӣ, бисаро В-арна дидӣ, ки замин пойгаҳи шайтон шуд. В-арна дидӣ, ки ҳама бурд, вале ҳеч набохт, Он ки дар мулки ҳунар роҳбари исён шуд. Бисаро, то ки ҷаҳонро ба садоят шӯем, Умри зулмат зи азони саҳарат поён шуд. Тарки ин боғ магӯ, булбули фархунданафир, Бисаро, субҳ шуд, офоқ фурӯғистон шуд.