Аввали баҳор омад, фасли яъс поён шуд,
Аввали баҳор омад, фасли яъс поён шуд,
Яъсро гузор, эй дил, ёс атргардон шуд.
Офтоби зардуштӣ берун омад аз ғоре,
Чиллашини дарбаста дар миёни майдон шуд.
Чеҳраи азизи ту, эй ҳабиби рӯҳонӣ,
Бештар таҷаллӣ рехт, он қадар, ки пинҳон шуд.
Осмон ба тан пӯшид атласи камону тир,
Қалби садқабои ман рахт канду урён шуд.
Кист, кист он якто, он ки ҳаҷри бетаркаш
Ҳамтаронаи дил шуд, ҳамсаодати ҷон шуд.
Чун рамид нури ғайб, хубии ту зиштӣ гашт,
Чун расид нури ғайб, хира ҳам дурахшон шуд.
Мезанад дили мастам бар дари фалак тақ-тақ,
Ӯ, ки бо маҳу анҷум даст бар гиребон шуд.
Дар раҳи маҷозу асл ҷустуҷӯи худ кардем,
Ҳар касе Худоро ёфт, оқибат ҳам Инсон шуд.
То расид пайки ту, эй зи ишқ зеботар,
Қалби субҳхоҳи ман боз субҳагардон шуд.