Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй саҳар, рух кушо, ҳиҷоб мабанд,

Эй саҳар, рух кушо, ҳиҷоб мабанд, Рӯсарие ҷуз офтоб мабанд. Дари ин меҳмонсароятро Лутф кун, бо чунин шитоб мабанд. Қисмат аз ӯву интихоб аз мост, Дил, дило, роҳи интихоб мабанд. Ёр, дастам бигиру дар раҳи ман Оташу хоку боду об мабанд. Чор бандам ба чор сура кушо, Мушти дилро ба тоб - тоб мабанд. Он тараф чист? Хобу дигар ҳеч, Ҳолиё чашмро ба хоб мабанд. Гуфтаӣ: ӯст фитнаи офоқ, Бар мани мурда ин савоб мабанд.