Бар хок, ба гул, ба хор савганд,
Бар хок, ба гул, ба хор савганд,
Бар панҷу шашу чаҳор савганд.
Бар сиву се мӯҳраи дурахшон
Бо номи азизи ёр савганд.
Моем чу субҳи субҳагардон
Шабнамкадаи нигор, савганд.
Хушбахттарин каси ҷаҳонам,
Бар реши дили фигор савганд.
Бар ҳурмати чашми ту шудам сабз
Бар омадани баҳор савганд.
Имрӯзи ману ҳамешаи ман,
Бошӣ, ба пареру пор савганд.
Бовар накунӣ ба ҳарфҳоям,
Гарчӣ бикунам қатор савганд.
Дар байни ману ту, эй ягона,
Соқит шуд аз эътибор савганд.
Бе ҳеч қасам ту асли ишқӣ,
Ҷоно, ба сӯе гузор савганд.
Бо номи ту мурдаму намурдам,
Савганд, ҳазор бор савганд!