Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

То аз вуҷуди сабзи ту пайғом мерасад,

То аз вуҷуди сабзи ту пайғом мерасад, Барномаи баҳор ба анҷом мерасад. Беишқ будан аст, дигар ҳеч, ҳеч, ҳеч, Гарде, ки бар фариштаи бадном мерасад. Чашмони андалеб, Худо хоҳад, ин баҳор Бар шодбодии гули бодом мерасад. Рӯзи азои ишқ - расидан ба васли туст, Рӯзе, ки интизор ба фарҷом мерасад. Пайдо намекунад асари он ҳабибро Он корвони ишқ, ки аз Шом мерасад. Рӯҳи саҳар тавофи гули сурх мекунад, Рӯҳе, ки бар ҳақиқати ислом мерасад. Тилфон хамӯшу бар дили уммедвори ман Хомӯшияш чу номаи эъдом мерасад. Бар ёдам омад ин ки бигӯям: Салом, ишқ, Акнун, ки субҳ мераваду шом мерасад.