Тарона хостӣ аз ман, тарона охир шуд,
Тарона хостӣ аз ман, тарона охир шуд,
Барои тоза сурудан баҳона охир шуд.
Чу дод хусрави урдибиҳишт истеъфо,
Тахайюлоти сапеди ҷавона охир шуд.
Дар ин шикан- шикани баргҳои обонмоҳ
Баҳорҷӯши дили шоирона охир шуд.
Фусурд ҳавсалаи ман дар аввали кӯча,
Куҷо равам, ки раҳи бекарона охир шуд.
Чаро дигар сухани гавҳарӣ намегӯям,
Ҳар он чӣ буд, фишондам, хизона охир шуд.
Анори сурхи шафақ ҳам ғуруб кард охир,
Анори сурхи дилам дона- дона охир шуд.
Магӯ, зи сифр биё, зиндагӣ кунем оғоз,
Ҳамаш гузашт, азизам, фасона охир шуд.
Шикаст мантиқи дунё пас аз ҷанозаи ишқ,
Наёмадӣ туву умри тарона охир шуд.