Чанд бисмил будан, эй дил, бояд аз нав боз шуд,
Чанд бисмил будан, эй дил, бояд аз нав боз шуд,
Чун ту бисмиллоҳ гуфтӣ, хотима оғоз шуд.
Пирии мо чист, оғози ҷавонии нав аст,
Боядат навҷодаву навсабку фардосоз шуд.
Ҳар сулулам бо сулулат ёфт хушбахтии васл,
Рӯҳи ман бо рӯҳи ту, эй субҳ, ҳампарвоз шуд.
Бохабар шав, то ту ҳам ҳар авҷпарвози тиҳӣ
Ҳар қадар то осмон ҳам рафт, хокандоз шуд.
То садои исавии ту расид, эй сабзчашм,
Ғунчаи сурхе, ки пушти парда дорам, боз шуд.