Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дер шудро ҳанӯз хоҳам кард,

Дер шудро ҳанӯз хоҳам кард, Маргро зодрӯз хоҳам кард. То ба кай дар ғубори беамалӣ Маҳви шаб, қатли рӯз хоҳам кард? Зиндагӣ сӯзу сози нав хоҳад, Нав ба нав созу сӯз хоҳам кард. Ҳар куҷо бингарӣ, диле чок аст, Кори сад васладӯз хоҳам кард. Нӯҳ фалак дӯшбори пирон аст, Бӯса бар пушти кӯз хоҳам кард. Ман туро, шеър, эй ҳамешатарин, Пайки фардофурӯз хоҳам кард.