Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Рафтанат чашми маро бар зиндагонӣ боз кард,

Рафтанат чашми маро бар зиндагонӣ боз кард, Ҳар қадар ҳам қиссаро фарҷом дод, оғоз кард. Монд бо ман ёди чашми улвии зебопазир, Ёди чашмоне, ки чашмони маро овоз кард. Нозбардорон ҳама рафтанд бар фирдавси қудс, Гул, ки бе таҳрики булбул монд, тарки ноз кард. Охирин хонандаи розам ба рози ҳақ расид, Ман чӣ гӯям, ҳарф натвонад маро иброз кард. Он қадар бар умқи худ рафтӣ, ки нопайдо шудӣ, Рафтанатро мешавад бо офтоб анбоз кард? Шарм н-омад дасти беимони чархи пирро Ноаён дар шохаи ҷонам нишеман карда буд, Дигар аз ин ошён натвонад ӯ парвоз кард.